Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе якҷо бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо як гурӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз кишвари Россия бозгаштаанд ва он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ҳар як нафари шаҳрванди меҳнатие, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд, доир ба тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида, таъкид намуданд, ки бе асос ва маҷбуран ба ин кишвар сафар накунанд, қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд.
Инчунин, дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад, ибрози андеша намуданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Дар фарҷом, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

