Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сохтмонҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Балх бо коргарон ва шаҳрвандон – муҳоҷирони бозгашта вохӯриии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи амнияту суботи ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамзамон, ба иштирокдорон оид ба роҳҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарзи ҳаёти солим маълумоти муфид пешниҳод карда шуд. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаи ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба шаҳрвандон барои омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ тавсия дода шуд, ки ба Маркази касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳри Бохтар муроҷиат намоянд. Зикр гардид, ки чунин курсҳо барои соҳибкасб гардидани ҷавонон ва дарёфти ҷойи кори муносиб мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотиву таблиғотӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи онҳо тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
