Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳии навбатиро дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории Федератсияи Россия омадаанд, баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории амалкунанда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини фаъолияти қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар роҳандозӣ гардида, зимни он ба иштирокчиён маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки риояи ҳатмии талаботи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба масъалаи касбомӯзӣ, омӯзиши забон ва ҷалби шаҳрвандон ба шуғли дохили кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас гирифта, таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриву чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, таҳкими амният ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

