Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Чаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Хаёти Нав дехаи Гулафшон чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Саидов С., дар баромади худ оид ба терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда қайд кард, ки имрӯзҳо низ ҳастанд он гурӯҳҳои ифротгаро, ки хоҳони халалдор намудани вазъи имрӯзаи кишварҳоро доранд ки ҷавонон муҳоҷирони меҳнатиро бо ваъдаи ночиз ба гирдоби фиребу гумроҳи ҳамроҳ менамоянд.
Тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки бар асари ҳамлаҳои ин гурӯҳҳо чи қадар кӯдакону ҷавонон, махсусан аҳолии осоишта кушта шуда истодаанд. Ҷангидан ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳоро ҷавонони дорои пасти тафаккур дошта “ҷиҳод” баён намуда ба он ҳамроҳ мешаванд.
Аз ин хотир, аз ҳамагон махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон ва дигар табақаи аҳолии ҷомеа хоҳиш ва талаб карда шуд, ки ба паёмакҳои шубҳаноки хусусияти экстремистӣ дошта ҷавоб надиҳанд ва ҳангоми ру ба ру шудан бо нафароне, ки пули зиёд ва кори муносибро барояшон пайдо менамоянд бовар накарда то ҳадди имкон аз онҳо дӯри ҷӯянд.
Бо ҳамин чорабинӣ ба охир расида қайд гардид, ки рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоатҳо гузаронидани чунин чорабиниҳо дар нақша аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

