Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Зумрад бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Юлдошева Ш., иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., дар баромади худ вобаста ба ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, муқовимат ба савдои одамон, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, оид ба фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак”, оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ сухан кард.
Инчунин, иброз намуд, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфӯзи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст ва барои пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро идома бахшем.
Дар анҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо минбаъд низ аз тарафи шуъба идома ёфта, ба таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

