Тибқи Нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ноҳия, Ҷамоати деҳоти Фархор бо иштироки намояндаи шуъбаи корҳои дохилӣ, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва кор бо занон ва оила, намояндаи Маркази ВНМО, вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии нашъамандӣ, гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, маблағгузории терроризм, муқовимат бо савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон оид ба масъалаҳои болозикр бо истифода аз факту рақамҳои мавҷуда андешаҳои худро баён намуда, дар идома иброз доштанд, ки дар шароити муосир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ дар ин самт заминаи устувори таъмини амнияти ҷомеа ва суботи давлат мебошад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, бахусус ифротгароӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷараёни мулоқот намоянади бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба риояи қонунгузории нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

