Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.
Дар асоси қабули санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи амалҳои руҳдода инчунин, бодарназардошти фикру ақидаҳои олимон ва ҷудо намудани мафҳумҳои “акти террористӣ” аз терроризм ва муайян намудани худи мафҳуми терроризм ва ба ҷамъият хафнокии он” дар боби 21 кодекси амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои “Терроризм” дар моддаи 179 муқаррар карда шудааст.
Мафҳуми эктремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсиони дар давлати ғазби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезондани нажодпарастӣ миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад. Экстремизм ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идиологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ ва мазҳабҳои диннӣ таъсир мерасонанд.
Экстремизм ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хафнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсонияти, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.
Дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян гардида, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас шудааст. Дар стратегияи мазкур, аз ҷумла, қайд шудааст, ки мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротӣ вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Қаноатова Миҷгона,
Мутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

