• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” пурзӯр карда мешавад

Migration Service by Migration Service
25.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” пурзӯр карда мешавад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷо бо намояндаи Прокуратураи нақлиёти вилоят  дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия сафар доштанд,  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби кормандони марказ шаҳрвандон огоҳонида шуданд, ки пеш аз сафар манъи вурудоти  худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз ё қатора харидорӣ намоянд, чунки ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.

Ба иттилоти шаҳрвандон расонида шуд, ки имкониятҳои шуғли меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ фароҳам оварда шудааст.

Пеш аз ҳама, шаҳрвандон бо кори қонунӣ ва бехатар таъмин мешаванд, зеро шартномаи расмии меҳнатӣ кафолати музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоро таъмин мекунад. Илова бар ин, иштирокчиён ба ҷойҳои кори серталаб дастрасӣ пайдо намуда, метавонанд сатҳи тахассуси худро мутобиқ ба меъёрҳои Россия баланд бардоранд.

Ҳамзамон, раванди сафар ва ҳуҷҷатгузорӣ содда гардонида шудааст:  тамоми санҷишҳои зарурӣ, аз ҷумла муоинаи тиббӣ, биометрӣ ва ҳуқуқӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. 

Барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷии кишварҳои бераводид уҳдадоранд, дар муҳлати то 30 рӯзи воридшавӣ патент дастрас намоянд, муоинаи ҳатмии тиббиро гузаранд, сатҳи дониши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузориро тасдиқ намоянд, суғуртаи тиббӣ дошта бошанд ва пардохти андози пешпардохтро мунтазам анҷом диҳанд. Патент бо шарти пардохти саривақтии маблағи муқарраргардида эътибор дорад.

Дар охир, оиди ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ярмаркаи  ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Хуҷанд

Next Post

Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо маром идома дорад

Next Post
Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо маром идома дорад

Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо маром идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.