Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират бо маром идом дорад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар мавзӯи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар тавсияҳои муфид доданд. Он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд тавсия дода шуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд.
Айни замон, тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва њуљати касбиро њатман бо худ гирифтан зарур аст. Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
