Суҳбату вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мунтазам идома дорад.
Ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва пешгирии қонуншиканиҳо дар раванди муҳоҷират мебошад.
Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин намудани шаҳрвандон – муҳоҷирони ба Ватан бозгашта бо ҷойи кори доимӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванде, ки нияти сафар ба ин кишварро дорад, бояд пеш аз ҳама аз талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад ва онҳоро қатъиян риоя намояд.
Дар баробари ин, ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар доранд, тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз рӯйхати шахсони манъшуда санҷанд. Зеро дар айни замон назорат дар сарҳадҳои Федератсияи Россия пурзӯр гардидааст.
Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини муҳоҷирати бехатар ва ҳифзи манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

