Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират идома дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар тавсияҳои муфид доданд. Он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд тавсия дода шуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд.
Ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва њуљати касбиро њатман бо худ гирифтан зарур аст.
Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

