• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Таҳкими давлатдории навини миллии тоҷикон

Migration Service by Migration Service
01.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Таҳкими давлатдории навини миллии тоҷикон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлол ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои миллати заҳматкашу соҳибфарҳанги точик имконоти нави рушди давлатдории навинро фароҳам овард. Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар паҳнои ҷаҳон эътироф гардида, бо дастовардҳои назаррас мавқеи шоистаеро дар ҳалқаи давлатҳои ҷаҳон соҳиб шуддааст. Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва дастовардҳои марҳалаи давлатдории навин, бешак, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.

Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омӯзиши он вусъати тоза пайдо намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиби пешрафти назарраси иқтисодию фарҳангӣ гардида, рӯ ба фардои ободу дурахшон овардааст.

Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сурат гирифтанд, фарогири тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд, дар баъзе ҷумҳуриҳо сари вақт пеши муқовиматҳо гирифта шуданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон зиддиятҳо ба ҷанги таҳмилии шадиди шаҳрвандӣ ва харобии иқтисоди миллӣ, вайронии чандин шаҳрҳову ноҳияҳо боис шуд. Муқовимат шакли мусаллаҳонаро ба худ гирифт. Ин низоъ аз лиҳози мафкуравӣ низои байни ҷаҳонбинии диниву дунявӣ буд. Экстремизми динӣ аз тарафи баъзе кишварҳо ва неруҳои хориҷӣ аз ҷиҳати моддӣ, маънавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд ва бо силоҳ низ таъмин мешуданд. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ раванди ҷаҳонишавӣ, “демократия”- и таҳмилӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ кишварро ба коми оташу хун кашид.

Халқи тоҷик дар он солҳо ба роҳбаре ниёз дошт, ки ба ҷанг хотима бахшида, роҳро ба сулҳу тараққиёт боз намояд. Чунин роҳбар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Дар ҳақиқат, ӯ бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормони мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардида, рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, воқеан ҳам, санади сарнавиштсози миллӣ гардид. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод ва хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар он аст, ки маҳз бо ибтикори бевосита, заҳмати шабонарӯзӣ ва азму талоши пайгирона барои ба даст овардани сулҳ Ватанро аз хатари нобудӣ эмин дошт.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят вазнин барои мардуми ҷумҳурӣ ва таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Дар ин иҷлосия вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ таҳлил шуда, вакилон раиси нави Шурои Олиро интихоб намуданд, ки, ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Ба ин вазифаи олӣ интихоб шудани яке аз шахсиятҳои ҷасур ва воқеъбин Эмомалӣ Раҳмон, тавре баъдан собит гардид, қарори хеле муҳим ва аҳаммияти таърихӣ дошта буд. Аз рӯзи аввали ба раисии Шурои Олӣ интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят мураккаб ва хавфнок Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.

Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Сарвари нав ва ҷавон ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар он марҳила ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои одӣ ворид гардад.

Бо талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар радифи таҳкими сулҳ дар ҷумҳурӣ ба бунёди нақбҳо ва роҳҳои мошингард, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва бозсозӣ кардани онҳо оғоз намуданд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳамчунин дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки ҳам истиқлоли энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам ба пешрафти соҳаи саноат мусоидат карданд.

Боиси ифтихору шукургузорист, ки мо имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро ҷашн мегирем, ин ҷашни муҳимми таърихиро дар якҷоягӣ бо ободкорию созандагӣ таҷлил намуда, ба дигарон собит намоем, ки мо миллати сулҳпарвару соҳибфарҳанги тоҷик якдилу яктанем.

Саидзода Фарангиси Сунатулло,

Корманди Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.