Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Сомониён маҳаллаи 25 – солагии Истиқлолият, инчунин бо шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои хафнок истиқомат мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Ватан, бо кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, гузаронида шуд.
Дар рафти суханронӣ кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, терроризм ва экстремизм дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд, суханронӣ намуда ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

