Коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти муътадил ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад. Он як зуҳуроти иҷтимоӣ аст ва дар тамоми ҷаҳон чи дар давлатҳои мутараққӣ ва чи дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, новобаста аз сохти идоракунии давлатии онҳо паҳн гаштааст. Он дар ҳама давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия ин сӯйистифода аз мансаб, ваколатҳои мансабӣ, инчунин додани пора ё гирифтани пора, ришваситонии тиҷоратӣ бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани фоида (пул, хизматрасонӣ, молу мулк) барои худ ё шахсони сеюм мебошад. Ин ҷиноят ростқавлиро халалдор мекунад, институтҳои давлатиро вайрон мекунад ва ба рушди ҷомеа монеъ мешавад.
Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба мубориза бо коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоқикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардидааст.
Ин стратегия ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
– баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия;
– бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
– паст намудани шиддатит коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон.
Барои амамлӣ намудани ин ҳадафҳо, тадбирҳое чун муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвнадон ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд. Мисол, қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Тоҷикистон имкон дод, то ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳамроҳ шавад ва уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад. Барои пешгирии коррупсия мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ба таҳқиқ ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ машғул аст, таъсис дода шуд. Механизмҳои шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дастрасии озод ба иттилоот ва эъломияи даромад ба амволи мансабдорон ҷорӣ карда шуд, ки ин чораҳо ба коҳиши имкониятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба давлат мусоидат мекунанд.
Инчунин, ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаи муштарак густариш ёфтааст, ки ин ҳамкориҳо ба таҳкими иқтидори муасисаҳои зиддикоррупсионӣ ва таҳияи қонунгузории мувафақ ба стандартҳои байналмилаӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамин тавр, коррупсия як мушкилоти ҷиддӣ буда, ба рушди устувори Тоҷикистон монеъ мешавад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб таваҷҷуҳи доимӣ ва татбиқи чораҳои ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки кори дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар мубориза бо коррупсия ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад ва барои рушди устувор ва адолати иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам гузорад.
Табарова Шоира,
Мутахассисси шуъбаи дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти мухочират дар вилояти Хатлон

