Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират.
Ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва пешгирии қонуншиканиҳо дар раванди муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта бо ҷойи кори доимӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар доранд, тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз рӯйхати шахсони манъшуда санҷанд. Зеро дар айни замон назорат дар сарҳадҳои Федератсияи Россия пурзӯр гардидааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
