• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мизи муддавар бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
02.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мизи муддавар бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Хадамоти муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 2 июни соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират мизи муддавар  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот ва директори МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбеков баргузор гардид.

Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар арафаи таҷлили яке аз муқаддастарин ва арзишмандатарин ҷашнҳои миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин санаи таърихӣ барои ҳар як фарди ватандӯст рамзи озодӣ, худшиносӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Воқеан, истиқлолият дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор фароҳам овард. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо, кишвари мо ба марҳалаи нави рушди таърихӣ ворид гардида, имконият пайдо намуд, ки арзишҳои миллӣ фарҳангии худро эҳё ва таҳким бахшад, – иброз намуд Нодирзода Иматшо.   

Сипас дар назди ҳозирин директори МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Моёншо Маҳмадбеков баромад намуда, аҳли толорро сидқан ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон хушбахтиву саодатмандии рӯзгорро тааманно намуд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба мақоми истиқлолият ва ҳифзи дастовардҳои он таъкид намуд: “Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлати миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффарияти истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ омил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсиашон истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд”.

Воқеан ҳам, ноил шудани хурду бузурги ҷумҳурӣ ба даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба давраи басе ҳассоси таърихӣ рост омад ва аҳли ҷомеа ба пешвои сиёсие ниёз дошт, ки ӯ пеши роҳи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандиро гирифта, давлатро аз вартаи фаношавӣ эмин нигоҳ дошта тавонад. Хушбахтона, дар Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раис интихоб гардиданд ва ин нахустин давтоварди сиёсии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд.

Дар соли 1997 ба имзо расидани истиқрори сулҳ бошад, барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаи боэътимоди пешрафту шукуфоӣ фароҳам оварад.

Маҳз расидан ба Истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки давлатдории тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёбад, тамомияти арзии ҷумҳурӣ ҳифз гардад, сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шаванд, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф гардад ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло равад, – афзуд Моёншо Маҳмадбеков.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.