Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи ба номи Ғафурҷон Ортиқов, ки қисми онҳо муҳоҷирони баргаштаро ташкил медиҳад, баргузор гардид. Дар вохӯри мазкур мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Толибова Фарзона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокдорон доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳангоми ба Федератсияи Россия сафар намудан, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд. Тартиб ва мақсади воридшавӣ дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар ин кишвар доранд, пеш меояд, шинос намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонида дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Инчунин, ба иттилои ҳозирон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилотҳо метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

