Санаи 4-уми июни соли 2026 дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи раёсат, мизи мудаввар доир гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии худ сардори Раёсат Камолзода Саид қайд намуд, ки бо талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз самараи истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ намуд. Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бигузор ҳазорсолаҳои зиёд побарҷо ва устувор бимонад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад. 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ аст, ки марҳилаи нави рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии иқтисодиву иҷтимоиро ифода мекунад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон муқаддастарин неъмат ва оғози саҳифаи навин дар таърихи муосир мебошад. Имсол мо 35-умин солгарди ин рӯйдоди сарнавиштсозро таҷлил менамоем, ки ин муддат рамзи устувории давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти бомароми кишвар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои расмии худ ба кишварҳои хориҷа бо кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспора ва марказҳои ҳуқуқию фарҳангии ҳамватанонамон шинос мешаванд. Зимни ба имзо расонидани созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои қабулкунанда ҳатман манфиатҳои муҳоҷиронро ба эътибор мегиранд.
Пешвои муаззами миллат вобаста ба танзими равандҳои муҳоҷират махсус таъкид намудаанд ва дастур доданд, ки: “ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад”.
Бо хамин мизи мудаввар чамъбаст гардида дастур дода шуд, ки баҳри сазовор тачлил намудани чашни 35-солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сайъу кушишҳо равона карда шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

