• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мизи мудаввар бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
08.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мизи мудаввар бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони раёсат иштирок доштанд.

Ҷаласаи мазкурро Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайридинзода Исфандиёр кушода, дар идома вобаста ба 35 солагии Истиқололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки агар ба замони таърихи 35 – сол пеш назар кунем, ҳамзамон бо эълони мустақилият дар Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, фазои билкул аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ фарқкунандаи ҳуқуқӣ, ки ба заминаи тозаи қонунгузории миллӣ асос ёфта буд, ташаккул дода шуд. Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама  дастоварду  музаффариятҳо  арзиши  ҳуқуқии  истиқлолро  аён месозад.

Пояи ҳуқуқии истиқлоли давлатии  ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам  устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои  қавии  ҳуқуқӣ – қонунӣ такя менамояд.

Аз ин нигоҳ  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд.

Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 35 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон  ва  фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ асос гузошта шуда, сол то сол торафт собиту маҳкамтар мегардад.

Чунки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари закиву дурнигар  ҳанӯз дар солҳои вазнини ошӯбҳои мусаллаҳонаи дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз  бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад.

Гувоҳи равшани ин сухан ҳамон иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои  барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ  метавон гуфт нахустин талошу саҳмгузории шоиста буд дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазои ҳуқуқии даврони истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ва  санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами низоми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ.

Шояд байни кишварҳои гуногуни дунё кам давлати ба тозагӣ соҳибистиқлолгаштае  ёфт шавад, ки дар фазои ҷанги хунини дохилӣ ба таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули конститутсияи худ иқдом намуда бошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён баргузории чунин мулоқотро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Истиқлол – ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум мебошад

Next Post
Истиқлол – ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум мебошад

Истиқлол - ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.