Тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони раёсат иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкурро Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайридинзода Исфандиёр кушода, дар идома вобаста ба 35 солагии Истиқололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки агар ба замони таърихи 35 – сол пеш назар кунем, ҳамзамон бо эълони мустақилият дар Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, фазои билкул аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ фарқкунандаи ҳуқуқӣ, ки ба заминаи тозаи қонунгузории миллӣ асос ёфта буд, ташаккул дода шуд. Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама дастоварду музаффариятҳо арзиши ҳуқуқии истиқлолро аён месозад.
Пояи ҳуқуқии истиқлоли давлатии ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои қавии ҳуқуқӣ – қонунӣ такя менамояд.
Аз ин нигоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъмикунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд.
Самараи чунин диққати махсуси Пешвои миллат аст, ки дар 35 – соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ асос гузошта шуда, сол то сол торафт собиту маҳкамтар мегардад.
Чунки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари закиву дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини ошӯбҳои мусаллаҳонаи дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад.
Гувоҳи равшани ин сухан ҳамон иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ метавон гуфт нахустин талошу саҳмгузории шоиста буд дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазои ҳуқуқии даврони истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ва санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами низоми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ.
Шояд байни кишварҳои гуногуни дунё кам давлати ба тозагӣ соҳибистиқлолгаштае ёфт шавад, ки дар фазои ҷанги хунини дохилӣ ба таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули конститутсияи худ иқдом намуда бошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён баргузории чунин мулоқотро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

