Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони баргашта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бозори Ҷамоати деҳоти Шодоба ярмаркаи хурди ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озодӣ дар ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки зиёда аз 387 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва бо пешниҳоди 294 ҷойҳои кории холӣ дар 22 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 13 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 13 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур, аз тарафи корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир байни иштирокчӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон ва муқовимат бо коррупсия гузаронида шуданд.
Инчунин қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиби шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

