Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони бозгашта дар маҳалли ҷойи корашон баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров бо ҳар як нафар шаҳрванди меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия ба Ватан бозгаштаанду соҳиби ҷойи коранд, ҳамсуҳбат шуда, ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони бозгашта дар бораи хатарҳо, аз қабили шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷинояткор сухан гуфта, қайд карданд, ки ба ҳушёрӣ, дурӣ аз ҳар гуна сохторҳои вайронкор ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таҳсил ва ҷалби фарзандон ба раванди таълим даъват гардиданд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки риояи меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳо, инчунин андешидани чораҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ) зарур аст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сокинони ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

