• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ихтисори муҳлати санҷиши тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бештар аз 90 рӯз дар Россия нияти иқомат доранд

Migration Service by Migration Service
16.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маълумот барои шаҳрвандоне, ки бо кӯдакон азми сафар ба Россия доранд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби санҷиши тиббии шаҳрвандони хориҷиро тағйир дода, масъулиятро барои саркашӣ аз он барои шаҳрвандонр хориҷӣ зиёд менамояд.

Тибқи талаботҳои нав шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки санҷиши тиббиро дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ба Федератсияи Россия гузаранд, ки пештар аз ин ин муҳлат 90 рӯз буд.

Дар натиҷаи санҷиши тиббӣ хулосаи тиббии шаҳрванди хориҷӣ тартиб дода мешавад, ки он метавонад ба шакли электронӣ низ бошад ва ба махзани ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Россия ворид карда мешавад. Дар сурати ошкор шудани бемориҳои хатарнок ё истеъмоли моддаҳои манъшуда, ташкилотҳои тиббӣ уҳдадоранд, ки дар давоми 24 соат дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Россия ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (Роспотребнадзор) хабар диҳанд, то ки онҳо дар бораи ихроҷи шаҳрванд аз Федератсияи Россия қарори фаврӣ қабул намоянд.

Ин тағйирот аз 1 сентябри соли 2026 эътибор пайдо мекунанд.

Дар ҳолати рад кардан ё саркашӣ аз гузаронидани санҷиши тиббии ҳатмӣ чунин тадбирҳои қонунӣ андешида мешавад:

· ҷарима аз 25 то 50 ҳазор рубл ва эҳтимоли ихроҷи маҷбурӣ аз Федератсияи Россия;

· дар сурати пардохт накардани ҷарима дар муҳлати муқарраршуда — ҷарима ба андозаи дучандаи маблағи пардохтнашуда (яъне то 100 ҳазор рубл) ва ҳатман бо ихроҷи маҷбурӣ.

Ин талабот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия (Қисми 3.1 моддаи 20.25) пешбинӣ шудааст.

Парвандаҳои чунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро танҳо мансабдорони мақомоти корҳои дохилӣ оғоз ва баррасӣ карда метавонанд.

Гузашта аз ин, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи нави 18.21 пурра карда мешавад, ки барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи гузаронидани санҷиши тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ (агар ин кирдор ҷиноят ҳисоб нашавад) масъулиятро дар намуди ҷаримаи зерин пешбинӣ мекунад:

· барои шаҳрвандон — аз 25 то 100 ҳазор рубл;

· барои мансабдорон — аз 100 то 200 ҳазор рубл;

· барои шахсони ҳуқуқӣ — аз 300 ҳазор то 1 миллион рубл ё боздошти маъмурии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ба муҳлати аз 14 то 90 шабонарӯз.

Парвандаҳоро тибқи моддаи 18.21 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва мақомоти ҳудудии он оғоз ва баррасӣ карда метавонанд. Ҳамчунин маводҳои парванда метавонанд барои баррасӣ ба додгоҳ пешниҳод карда шаванд.

Ғайр аз ин, барои сохтакорӣ ва фурӯши маълумотномаҳои қалбакии дорои бемориҳои хатарнок масъулияти ҷиноӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои чунин амалҳо ҷарима то 1 миллион рубл ё маҳрумият аз озодӣ то чор сол муқаррар карда мешавад.

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мерасонад, ки ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия ин талаботҳои қонунгузориро риоя намуда, худ ва наздикони худро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.