• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар партави Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ

Migration Service by Migration Service
17.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар партави Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат рӯйдодҳое ҳастанд, ки сарнавишти мардумро муайян намуда, роҳи ояндаи онро равшан месозанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон ду дастоварди бузурги таърихӣ – ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ маҳз аз ҳамин гуна рӯйдодҳои тақдирсоз ба ҳисоб мераванд. Имрӯз, ки кишвари азизи мо ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинад, ҳар як шаҳрванди ватандӯст вазифадор аст, ки ба қадри ин неъмати бузург расида, барои ҳифзу таҳкими он саҳми худро гузорад.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки оғози марҳилаи нави рушду пешрафт гардид. Бо ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ шуда, роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифт. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои кишвар давраи хеле мушкил ва пурпечутоб буд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва иқтисодӣ гардида, хатари аз байн рафтани давлатдории навини тоҷиконро ба вуҷуд овард.

Маҳз бо хиради азалии халқи тоҷик ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои расидан ба ваҳдати миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам омад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав кушод ва барои рушди устувори ҷомеа роҳ ҳамвор намуд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири миллат барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Агар истиқлолият барои давлат асоси ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ бошад, ваҳдат кафили пойдории он мебошад. Имрӯз маҳз ба шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагӣ вусъати тоза гирифта, шаҳру ноҳияҳо симои худро дигар намуда истодаанд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ аз ҷумлаи самараҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, обрӯ ва нуфузи он рӯз ба рӯз меафзояд.

Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд ба қадри сулҳу оромӣ расанд. Таърих собит намудааст, ки маҳз ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба истиқлолу ваҳдат яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба шумор меравад.

Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад. Паҳн гардидани ақидаҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар омилҳои номатлуб метавонанд ба амният ва суботи давлатҳо таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот саҳмгузор бошад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти хосса дорад, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ ба давлатҳои дигар сафар мекунанд. Дар ин раванд муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фарҳанги баланд, эҳтиром ба қонун ва ҳисси масъулиятшиносиро нишон дода, ҳамчун намояндаи шоистаи миллат обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро боло бардорад. Риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи шаъну шарафи шаҳрвандӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

Ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки фарҳанги ҳамзистӣ, эҳтироми ҳамдигар ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон мебошад. Вақте ки дар ҷомеа ҳамдигарэҳтиромӣ ва ҳамдигарбахшӣ ҳукмфармо аст, барои рушди давлат тамоми имкониятҳо муҳайё мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар бояд барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа кӯшиш намояд.

Имрӯз ноҳияи Қубодиён низ ҳамчун як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, ободонии маҳаллаҳо, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва кишоварзӣ самараи фазои сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мебошад. Ин ҳама моро водор месозад, ки барои ҳифзи ин дастовардҳо бештар масъулиятшинос бошем.

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ расем. Зеро маҳз ҳамин арзишҳои муқаддас барои зиндагии осоишта, пешрафти иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони фарзандони мо замина фароҳам овардаанд.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бошад, Истиқлоли давлатӣ ҷовидон монад ва кишвари азизамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат роҳи рушду тараққиёти худро идома диҳад. Ҳифзи ин неъматҳои бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, танҳо бо иттиҳоду сарҷамъӣ метавонем Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу шукуфон гардонем.

Фаридун Алимардонов,

Мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Ваҳдат раванди муҳими ҷомеа мебошад

Next Post

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.