Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷо бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Прокуратураи нақлиёти вилоят ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ кормандони марказ оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия, аз ҷумла қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

