Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи дастури роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, санаи 20 июни соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда кормандони Хадамот бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуда, корҳои ободонӣ ва тозагиро дар ҳудуди Хадамот муҳоҷират анҷом доданд. Дар раванди шанбегӣ алафҳои худрӯй решакан гардида, партовҳо ҷамъоварӣ ва муҳити идора ба тартиб дароварда шуд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, ташаккули фарҳанги шаҳрдорӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон нақши муҳим мегузорад.
Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират иштироки фаъоли ҳайати кормандонро дар ин иқдом намунаи ибрат арзёбӣ намуда, изҳор намуд, ки ташаббусҳои ободониву созандагӣ дар оянда низ пайваста идома хоҳанд ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
