Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вохӯрии саривақтӣ бо сокинони маҳаллаи Хоҷи Алӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳр, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Раиси шаҳр ва ҲХДТ дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати бехатар, қоидаи будубош дар Федератсия Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риоя кардани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар барраси гардиданд.
Аз ҷумла, бо мақсади пешгири намудани қонуншиканиҳои ва мушкилоти вобаста ба будубош тибқи қонуни Федеролии №260-ФЗ аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 амал мекунад. Мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: шаҳрвандони хориҷи аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 руз дар давоми як соли тақвими (365 руз) дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта бошанд; соли тақвими аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; шумораи рӯзҳои будубош дар Федератсияи Россия дар давоми сол ҷамъ карда мешаванд ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Фарзона Толибова оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, тағйироту илова ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони руси, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва ба қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда ба иштирокдорон варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

