Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Баъд аз ба сари давлат омадани Президентамон Эмомалӣ Раҳмон халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд.
Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд, ки бо имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мурдуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон ин ваҳдат ва ягонагист. Вазифаи мост, ки ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Пешвои миллат на танҳо дар самти идораи давлат ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, балки барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими муносибатҳои бозорӣ, рушди соҳибкорӣ ва пешрафти саноат саҳми устувор гузоштанд.
Бигзор фазои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизи соҳибистиклоли мо ҳамеша пойдор бошад, зеро танҳо дар ҳамин сурат метавонем ояндаи ободу осуда ва пешрафти миллати худро бунёд намоем.
Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки моро аз нобоварӣ, парешонӣ ва ҷангҳои таҳмилӣ раҳонӣ бахшид, Дар як марҳила ҳассоси таърих, миллати мо бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон тавонист аз миёни оташ ҷанг ба фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳ ёбад. Ин як пирӯзии бузург ва нодир буд. Чуноне, ки мо медонем, меъмори Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар кишвар сулҳи устувор ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор ба суи рушди минбаъда ҳаркат мекунад. Ва ифтихори ҳар яки мо тоҷикон аст, ки бо ташабуси Пешвои миллатамон ҳамасола 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн грифта мешавад.
Солиев М.А,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод

