Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеӣ мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Муносибати нави давлатӣ, сиёсати Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад.
Бо имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-июн Рӯзи ваҳдати милли эълон шуд. Хушбахтона баъди ба имзо расидани ин созишнома зиндаги мардуми тоҷик рӯз аз рӯз хубтару беҳтар шуда истодааст. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милалӣ Мутаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаст. Дар сурати пойдории ваҳдат душвориҳо ва монеъаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меравад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона бирасем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон яъне Ваҳдати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Мо – ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст фарҳангпарвар ва созанда мебошанд. Мо насли истиқлол бояд, ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатоги роҳ надиҳем ва як хатои мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишвари азизу маҳбубамон мегардад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо наметавонем аз ватану модар, ва номуси худ ҳифз намоем. Мо насли даврони истиқлолро мебоист, ки миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва рӯҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем.
Муҳамадраҳим Шарипов,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ

