Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар миёни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, вохӯриҳоро идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯриҳо кормандони шуъба доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайронкунии кишвари қабулкунанда Федератсияи Россия даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба ин кишвар манъ мегардад.
Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин надонистани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест, мебошад.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

