Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Маврид ба зикр аст, ки бисту нуҳ сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас Рӯзи Ваҳдати миллӣ ноил гардид, ки ҳоло мову Шумо ин руйдоди муборакро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Дар ин маврид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб санаи 25-уми июни соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроия таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қосимзода Маҳтоб Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо, мудири шуъбаи маориф Ҷафарзода Насриддин Файзулло ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим бахшида ба 29-умин солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳу суботи Ватан» ҳамоиши ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарону аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар тӯли солҳои ваҳдату якдилӣ дар ҳаёти сокинони сарбаланди Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Сокинони меҳнатқарину ватандӯсти кишварамон саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд.
Боварии комил дорем, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳама чун як тан барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳанду дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони ободу гулгулшукуфон боз ҳам саҳми арзанда мегузоранд.
Замоне, ки фарзанди фарзонаю ҷонфидои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд Тоҷикистон дар вартаи даргириҳо байни гуруҳҳои силоҳбадаст қарор дошт. Ҷангу кашмакашиҳои бемаънӣ авҷ мегирифт ва якпорчагии мамлакат зери хатар қарор дошт. Сарвари давлат хиради азалии халқи куҳанбунёди тоҷикро пеша карда, аз рӯзи аввали ба фаъолият шуруъ карданашон бо тадбирҳои хирадмандона ва созандаи хеш баҳри аз вартаи фалокат берун баровардани мамлакат, ба ватан баргардонидан ва сарҷамъ намудани гурезагони тоҷик нақшаи мукаммалро роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа ба мақсадҳои созандаи худ дар якҷоягӣ бо халқи тоҷик муввафақ гардиданд.
Бисту нуҳ сол қабл тавассути заҳматҳои беназири фарзанди некному сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафодида ва ба сангарҳо ҷудогардидаи тоҷик ба рӯзҳои неку шодӣ расид ва дар кишвар фазои орому осуда, сулҳу оромӣ танинандоз гардид. Миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит намуд, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ қатлу ғорат набуду нест.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардида, мардуми кишвар ба ояндаи неку дурахшон боварии бештар ҳосил намуданд, нури умед ба дилҳо ҷо гирифт ва ин ба пешрафти истеҳсолот, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар мусоидат намуд. Дар чунин шароит Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки барномаи дурнамои тараққиёти иқтисодиро амалӣ созад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

