Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо КИ ҲХДТ дар ноҳия, дар толори Ҷамоати шаҳраки Навкат бо сокинон чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сатторова С., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират ва Муҳаммадӣ М., раиси КИ ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин замина оид ба таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавондухтарон ба курсҳои касбомӯзӣ ва сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ таъкид намуданд. Доир ба масъалаҳои болозикр иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Сипас мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сатторова С., оид ба навгониҳои охирини қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират дар Федератсияи Россия, маълумот дод. Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои ҷинояткорӣ, радикализм, экстремизм, терроризм ва савдои одамон, ки имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ доранд, шарҳу тавзеҳоти муфассал пешниҳод намуд.
Мавсуф бо овардани мисолҳо моҳияти ин мушкилотро ба иштирокчиён фаҳмонида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои махсусро дастрас намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

