• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо фаъолзанони маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулови шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
26.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо фаъолзанони маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулови шаҳри Хуҷанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

  Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо фаъолзанони маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулови шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар суҳбат намояндаи шуъба бо сокинон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ  пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти  муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид  шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуданд.        

Гуфта шуд, ки шурӯъ аз 1 январи  соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро огоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвими иваз карда шудааст. Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба даст намеорад метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар мудатти соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвими яъне 31 декабр ҳуҳуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин қоида ҳар сол аз 1 январ огоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.

Ба шаҳрвандоне, ки майли сафар ба Федератсияи Россия доранд фаҳмонида мешавад, вақте, ки дар корти муҳоҷирати (мигратсионная карта) мақсадро “Работа” қайд менамоед, бояд дар муддати 30 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ФР, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти минтақавии ВКД ФР бояд супоред. Патентро гирифта, ҳар моҳ пешпардохти андози патентро супоред. Дар асоси патент муҳоҷир метавонад 12 моҳ кор кунад ва бе баромадан аз ҳудуди Россия патенти нав барои соли оянда гирад. Агар муҳоҷир ҳамаи талаботҳоро риоя намояд ҳеҷ кас уро аз Россия хориҷ намекунад.

Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайрқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбанди тараққи ёфтааст. Аз ин ру, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Нақши таърихии Пешвои миллат дар эъмори ваҳдат

Next Post

Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст

Next Post
Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст

Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.