Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии осоиштаи мардум тамоми чораҳои заруриро андешида, бо аҳли фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулосае омад, ки барои ҳар чи зудтар беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, қабули қонуни алоҳидае вобаста ба ин самт ба мақсад мувофиқ аст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, ба он шаш маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Охирон тағйиру илова ба қонун 20 июни соли 2024 ворид гардид, ки дар он яке аз навгониҳои асосӣ он буд, ки аз номи қонун ибораи «анъана ва» хориҷ карда шуда, он минбаъд “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Ҳадафи таҳрири нав мутобиқ намудани қонун ба талаботи замон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб ва исрофкорӣ мебошад. Қонун аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, тартиби гузаронидани ҷашну маросим, хизматрасонӣ дар онҳо ва уҳдадориҳои шахсони воқеиву ҳуқуқиро муайян менамояд.
Тағйироти воридшуда ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва истифодаи оқилонаи маблағҳои оилаҳо равона гардидааст. Ҳамчунин, қонун барои таҳкими фарҳанги миллӣ ва пешгирии зиёдаравӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо заминаи ҳуқуқии мустаҳкам фароҳам меорад.
Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳар як шаҳрванди кишвар равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллию арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки бе чуну чаро метавон ин қонунро қонуни миллӣ ном бурд. Бояд зикр намуд, ки иҷрои талаботи қонун вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад.
То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар ва нигаронкунанда буд. Паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон ҷашн гиранд, ба маъракаҳои серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд, ин ҳама бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарасти буд.
Аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, боис ба фароҳам шудани файзу баракат гардида, барои пешрафти зиндагӣ ва беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар саҳми назаррас гузошт ва бо мавриди амал қарор гирифтанаш тавонист сатҳи камбизоатиро дар мамлакат коҳиш диҳад. То қабули қонуни мазкур сокинони кишвар барои баргузор намудани тую маъракаҳои хурсандию азодорӣ хароҷоти зиёди беҳуда мекарданд, ки дар натиҷа ба иқтисодиёти хонавода зарбаи калон мерасид. Мутаасифона, чунин зиёдаравӣ, бенизомӣ дар рӯзи таваллуд, домодталбон, арусбинон, гавҳорабандон ва дигар маъракаҳои бемаънӣ ба назар мерасид, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид.
Ҳамзамон, бинобар дуруст ба роҳ мондани назорати рафти баргузории ҷашну маросимҳои кормандон аз тарафи Комиссияи ҷамъиятӣ, оид ба танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, ки ҳар як ҷашну маросимҳо сари вақт ба қайд гирифта шуда, талаботи қонуни мазкур фаҳмонда дода мешавад.
Ҳама он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи қонуни мазкуррро пурзур намуда, барои амалӣ шудани он саҳми босазои худро гузорем.
Раҳимова Нигинамо,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара

