• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забони хориҷӣ, метавонад чун пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳамдигар мепайвандад

Migration Service by Migration Service
01.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия аз монеаҳои асосӣ дар раванди амалишавии барномаҳои рушд маҳсуб меёбад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огоҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Забони хориҷиро шумораи зиёди мардум ҳамчун як воситаи алоқа дар роҳи ноил гаштан ба мақсадҳои худ мешуморанд, аммо танҳо чунин шакли хулосабарорӣ дуруст нест. Забони хориҷӣ инчунин, метавонад чун пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳамдигар мепайвандад, яъне ду халқро ба ҳам ошно месозад, ки ин низ яке аз мақсад ва ҳадафҳои Пешвои миллат ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар паёму баромадҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, вазифадор намудаанд, ки ҳамгоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавони миллатамон вазифадор аст, ки забон омӯзад ва ҳамқадами замона бошад. Инсон ҳамон вақт ҳамқадами замона шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ огоҳ бошад. Зеро дар умум фарҳанг дарбаргирандаи ҳамаи паҳлӯҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки аз бар кардани он, дарк карда фаҳмидани он, яке аз сарчашмаҳо дар авҷи камолоти инсон арзёбӣ карда мешавад. Доираи фарҳанг маҳдуд нест, вақте ки инсон донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад, барои ӯ ҳамаи дарҳо дар роҳи огоҳ шудан на танҳо аз фарҳангу маданияти худ, балки аз фарҳанги халқу миллати дигар низ кушода аст.

Имрӯз насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, сатҳи тафаккур, одобу ахлоқ, маърифату ҷаҳонбинӣ куллан фарқ мекунад, ки ин метавонад боиси ифтихори мо бошад. Дар тӯли солҳои Истиқлолият дар кишварамон барои пешрафти кулли соҳаҳои рушди ҷомеа асос гузошта шуда муҳаё гардид ва муассисаҳои махсуси таълимӣ ва эҷодӣ таъсис гардидаанд, ки ҳар сол садҳо ҷавонон ба ин муассисаҳо дохил мешаванд. Ҳадаф аз дохил шудан ба муассисаҳои олӣ натанҳо дар соҳибикасби хуб шудан, балки ҷиҳати тарғиби идеяҳои муҳими фарҳанг корҳои шоистаро ба анҷом расонидан аст.

Имрӯз ҷавонон дар бисёр донишкадаҳои бонуфузи хориҷӣ низ таҳсил доранд. Ин ҷавонон дар оянда содиқона ба миллат ва ватани худ хизмат ва кору фаъолият хоҳанд бурд. Онҳо бояд дар рушди фарҳанг, иқтисоди миллӣ ҳиссаи назарраси худро гузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Барои ноил шудан ва ба таври комил иҷро намудани мақсадҳои дар боло зикршуда мо метавонем гуфт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун роҳбалад хизмат хоҳад кард. Яъне забонро калиде матавон ҳисобид, ки моро барои баромадан ба олами бекарон ва омӯзиши илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизмат менамояд. Хушбахтона имрӯзҳо бо ташаббуси оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, дар кишварамон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти калон дода шудааст, ки яке аз он “Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2019 таҳти рақами 438 қабул гардид. Мақсади асосӣ аз таҳияи чунин барнома дар он мебошад, ки бо ёрии ин барнома мушкилотҳое, ки дар соҳаи таълимии фанҳо ва забонҳои мазкур нишон диҳад аз байн барад. Ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ тоҷикзабонон бо адабиёт ва фарҳанги ин миллатҳо шиносоӣ пайдо мекунанд.

Донистани якчанд забон дар ҷаҳони муосир метавонад имконияти ҷавононро васеъ гардонад ва ҳамзамон метавонад дар роҳи нерӯи хешро дар соҳаҳои гуногун сарф кардан шароити фароҳам муҳайё созад. Омӯзиши адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи рушди умумии инсонпарвариро дар бар мегирад ва айнан дар ҳамин бартарӣ ва манфиати бечунучарои он нақш мегирад. Албатта Пешвои миллат низ таъкид кардаанд: “Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширатии байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забоҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем”. Пешрафти ҷомеа ба пешравии ҷавонон вобастагии зич дорад, зеро ояндаи кишварамон дар дасти ҳар як ҷавонони бо нангу номуси кишвар мебошад.

Дар яке аз Паёмҳои Президенти кишварамон, ки санаи 21 декабри соли 2022 баргузор гардида буд, чунин омадааст: “Ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо онҳоро аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ намоем”. Маҳз он ҷавонон метавонанд номбардори халқу ватан бошанд, ки бо илму дониш ва кирдору рафтори худ барои ободии кишвару пешравии он саҳм гузоранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷавонони кишвар низ дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Мухамедҷонова Парвина,

Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва ба нақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Танзими ҷашну маросимҳо қадаме ба сӯйи зиндагии шоиста

Next Post

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми муқовимат

Next Post
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми муқовимат

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми муқовимат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.