• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми муқовимат

Migration Service by Migration Service
01.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – воситаи муҳимми муқовимат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба пешгирӣ ва паст намудани сатҳи коррупсия равона шудаанд. Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия аҳамияти махсус доранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳҳои маъмурӣ ва ҷазодиҳӣ пурра решакан намудани коррупсия имконнопазир мебошад. Барои коҳиш додани ин падида пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Зеро шахсе, ки ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва меъёрҳои қонунгузориро хуб медонад, камтар ба амалҳои коррупсионӣ даст мезанад ё қурбонии он мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ қисми муҳими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа буда, ба ташаккули ҳисси масъулият, эҳтиром нисбат ба қонун ва фаъолнокии шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳамияти махсус дошта, барои баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини адолат, шаффофият ва муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки сатҳи пасти коррупсия пеш аз ҳама ба баланд будани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун метавонад ҳамчун воситаи самараноки муқовимат ба коррупсия хизмат намояд.

Маърифати ҳуқуқӣ дар навбати аввал ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дуруст дарк намояд. Шахсе, ки аз меъёрҳои қонунгузорӣ огоҳ аст, метавонад манфиатҳои худро аз роҳи қонунӣ ҳимоя кунад ва ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳад. Баръакс, надонистани қонун аксар вақт боиси содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва паҳншавии муносибатҳои коррупсионӣ мегардад.

Яке аз омилҳои муҳими коҳиш додани коррупсия ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонун мебошад. Агар шаҳрвандон дарк намоянд, ки риояи қонун кафолати адолат ва суботи ҷомеа аст, онҳо нисбат ба амалҳои коррупсионӣ муносибати манфӣ пайдо мекунанд. Дар чунин ҳолат ҷомеа худ ба муқобили коррупсия мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ишғол менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Зеро ҷавонон неруи асосии ҷомеа буда, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳуқуқии онҳо барои ояндаи давлат аҳамияти калон дорад. Бо ҳамин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ баргузор карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат оид ба маърифати ҳуқуқӣ на танҳо аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ доранд, балки ҳамчун воситаи муҳими ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ низ арзёбӣ мегарданд. Баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа метавонад барои таҳкими волоияти қонун, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия мусоидат намояд.

Далери Ибодзод,

Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Забони хориҷӣ, метавонад чун пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳамдигар мепайвандад

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.