Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр дар “Мардикорбозор”-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи Гулистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронь намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюращо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Гуфта шуд, мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави ФР қарор дошта бошанд; соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; шумораи рӯзҳои будубош дар ФР дар давоми як сол ҷамъ карда меешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад. Бояд донист, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад.
Дар идома тавсия дода шуд, ки муҳоҷирон шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода бурда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд. Аз хизмати шахсони алоҳидае, ки бо роҳи ғайриқонунӣ барои ба кортаъминкунӣ дар хориҷа машғуланд истифода набаранд, ба эълонҳои шубҳаноке, ки дар масъалаи ба кортаъминкунӣ дар хориҷа дар газетаву кучаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд, бовар накунанд. Дар хотир дошта бошед, ҳар як шахси алоҳида ё ташкилоте, ки барои дар хориҷа ба кор таъмин кардан фаъолият мекунад, бояд иҷозатномаи махсус – литсензия дошта бошанд. Агар шахс ё ташкилоте, ки ба Шумо ҷойи кор пешниҳод мекунад, литсензия надошта бошад, он гоҳ шубҳае нест, ки онҳо шуморо фиреб медиҳанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

