• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
06.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр дар “Мардикорбозор”-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи Гулистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  баргузор гардид.

Дар суҳбат бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ  пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти  муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронь намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюращо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.

 Гуфта шуд, мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави ФР қарор дошта бошанд; соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; шумораи рӯзҳои будубош дар ФР дар давоми як сол ҷамъ карда меешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад. Бояд донист, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад.

 Дар идома тавсия дода шуд, ки муҳоҷирон шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода бурда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд. Аз хизмати шахсони алоҳидае, ки бо роҳи ғайриқонунӣ барои ба кортаъминкунӣ дар хориҷа машғуланд истифода набаранд, ба эълонҳои шубҳаноке, ки дар масъалаи ба кортаъминкунӣ дар хориҷа дар газетаву кучаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд, бовар накунанд. Дар хотир дошта бошед, ҳар як шахси алоҳида ё ташкилоте, ки барои дар хориҷа ба кор таъмин кардан фаъолият мекунад, бояд иҷозатномаи махсус – литсензия дошта бошанд. Агар шахс ё ташкилоте, ки ба Шумо ҷойи кор пешниҳод мекунад, литсензия надошта бошад, он гоҳ шубҳае нест, ки онҳо шуморо фиреб медиҳанд. 

Маркази матбуоти  Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.