Тибқи нақшаи тасдиқшуда роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дар миёни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барои муҳоҷирати меҳнатӣ равонаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот бо таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки вақтҳои охир ҳолатҳои рад кардани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳои сарҳадии фурудгоҳҳои шаҳри Москва зиёд гардидаанд. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки сафари худро пешакӣ ба нақша гирифта, пеш аз парвоз ҳатман аз замимаи “Госуслуги RuID” барои гузаштан аз бақайдгирии рақамӣ ва пешниҳоди ариза барои сафар ба Россия истифода намоянд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки аз 1 июли соли 2026 истифодаи замимаи “Госуслуги RuID” барои бақайдгирии пешакии рақамӣ ҳангоми ворид шудан ба Россия барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бераводид ҳатмӣ мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки истифодаи ин хизматрасониро аз ҳозир оғоз намоед, то ҳангоми убури сарҳад аз мушкилоти эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад.
Шаҳрвандони муҳтарам, дар хотир нигоҳ доред, ки иҷрои саривақтии ин тадбирҳо кафили будубоши бехатар ва қонунии шумо дар қаламрави Россия ва инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари шумо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
