Дар асоси нақшаи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират санаи 16-уми июли соли ҷорӣ бо иштироки сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мазориев Хуршед, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ва кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, дар толори Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2026 доир гардид.
Маҷлисро Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ифтитоҳ намуда, сараввал аҳли толорро бо супоришу вазифагузориҳои протоколии ҷаласаҳои ҳисоботии ҳайатии мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират шинос намуда, баён дошт, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият ва бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон дар назди аъзои ҷомеа, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки барои иҷрояшон ҳамаи мо масъул ҳастем.
Масъалаи якуми маҷлис асосан натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он дар давоми шаш моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли равон буд. Масъалаи мазкур ба пуррагӣ таҳлилу баррасӣ гардида барои боз хам хубтару беҳтар намудани фаъолият дастуру супоришхои мушаххас дода шуд.
Масъалаи дигар ин самти ба танзим даровардани муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ эътибори махсус зоҳир гардида ба таври густурда баррасӣ шуд. Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои масъулин ба ҳамаи самтҳои кор ба охир расид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

