• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотӣ дар Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент

Migration Service by Migration Service
23.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотӣ дар Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вобаста ба  татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, дар Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Рашнаи Поён  бо сокинони деҳаи офатдида аз сел, ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба тартиби қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи қонунгузории давлатҳои қабулкунанда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва паст намудани шиддати муҳоҷират байни занҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар касбу ҳунар ва забонҳои хориҷиро омӯзанд, аз хизматрасонии шахсони тасодуфӣ ва миёнаравони ғайриқонунӣ худдорӣ намуда, танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ сафар намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирии фиребгарӣ ва истифодаи хизматрасонии миёнаравони ғайриқонунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои қабулкунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки пеш аз сафар бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи қонун омода намуда, танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва баланд бардоштани малакаи касбӣ имконияти пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро зиёд менамояд.

Дар анҷоми суҳбат ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё мушкилот пеш аз сафар ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, аз машваратҳои ҳуқуқӣ ва маълумоти расмӣ бохабар шаванд. Натиҷаи чорабиниҳои гузаронидашуда нишон медиҳад, ки сатҳи огоҳии шаҳрвандон нисбат ба масъалаҳои муҳоҷират, муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм беҳтар гардида, ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо тақвият меёбад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Ашт

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.