Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, дар Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Рашнаи Поён бо сокинони деҳаи офатдида аз сел, ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба тартиби қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи қонунгузории давлатҳои қабулкунанда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва паст намудани шиддати муҳоҷират байни занҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар касбу ҳунар ва забонҳои хориҷиро омӯзанд, аз хизматрасонии шахсони тасодуфӣ ва миёнаравони ғайриқонунӣ худдорӣ намуда, танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ барои фаъолияти меҳнатӣ сафар намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирии фиребгарӣ ва истифодаи хизматрасонии миёнаравони ғайриқонунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои қабулкунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки пеш аз сафар бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи қонун омода намуда, танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва баланд бардоштани малакаи касбӣ имконияти пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро зиёд менамояд.
Дар анҷоми суҳбат ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё мушкилот пеш аз сафар ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, аз машваратҳои ҳуқуқӣ ва маълумоти расмӣ бохабар шаванд. Натиҷаи чорабиниҳои гузаронидашуда нишон медиҳад, ки сатҳи огоҳии шаҳрвандон нисбат ба масъалаҳои муҳоҷират, муқовимат ба коррупсия, терроризм ва экстремизм беҳтар гардида, ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо тақвият меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

