Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Масчоҳ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Палдорак бо иштироки раисони маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Палдорак вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба роҳҳои муҳоҷирати бехатар, тартиби қонунии сафар ба хориҷи кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ, зарурати омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима ва риояи қонунгузории кишвари қабулкунанда маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки шаҳрвандон пеш аз сафар бояд бо шартномаи расмии меҳнатӣ таъмин гардида, аз хизматрасонии миёнаравони ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.Инчунин, оид ба омӯзиши забони кишвари қабулкунанда, касбомӯзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии ҳолатҳои хариду фурӯши одамон тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳои иттилоотиюфаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини муҳоҷирати бехатар аҳамияти калон доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

