Истиқлолият яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар як миллат ба шумор рафта, ифодагари озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва новобастагии давлат аз ҳама гуна қувваҳои беруна мебошад. Маҳз дар заминаи истиқлолият давлат метавонад сиёсати мустақилонаи дохилӣ ва хориҷии худро муайян намуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар асри XX эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пас аз ҳазор соли парокандагии сиёсӣ ва аз даст рафтани давлатдории миллӣ тоҷиконро дубора ба арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибдавлат ворид намуд. Ба даст овардани истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо эҳёи давлатдории миллӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ дар роҳи худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва рушди давлатдории муосир гардид.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон миллати тоҷик имконият пайдо намуд, ки анъанаҳои пурғановати давлатдории ниёгони худ, аз ҷумла мероси сиёсии Куруши Кабир ва давлати Сомониёнро дар шароити нави таърихӣ идома диҳад. Дар ин замина бунёди низоми нави давлатдорӣ, ташаккули сохторҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар ба яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол табдил ёфт.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият ташаккул ва таҳкими низоми устувори сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи таърихии кишвар нишон дод, ки ҳатто дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо иродаи қавии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сиёсати дурандешона метавон асосҳои давлати муосирро бунёд намуда, сулҳу суботро таъмин кард. Таъмини ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин натиҷаҳои давраи истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сохти давлатии худро муайян намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди минбаъдаи кишвар фароҳам созад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ, рушди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва таҳкими волоияти қонун аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими давлати миллӣ мебошанд.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ натиҷаи муборизаҳои таърихӣ, ҷонбозиҳо ва заҳматҳои пайвастаи мардуми тоҷик мебошад. Ин неъмати бузург дар назди насли имрӯза масъулияти муҳим мегузорад – ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Бояд таъкид намуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад. Таъсири равандҳои ҷаҳонӣ, тағйироти геосиёсӣ ва таҳдидҳои замони муосир тақозо менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои истиқлолият саҳми худро гузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба аҳамияти истиқлолияти давлатӣ чунин таъкид намудаанд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар асри XX ба шумор меравад. Он барои эҳёи давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр заминаи устувор гузошт. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ин дастоварди муқаддасро ҳифз намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
Мустақимҷон Ахмедов,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

