Дар доираи нақша чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар толори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Сатторзода А., баргузор гардид. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои муаззами миллат, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъмин гардидааст. Бо талошҳои пайваста ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат дар роҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба аҳамияти истиқлоли давлатӣ чунин таъкид намудаанд: “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад”.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош, суханронӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

