Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон якҷоя бо бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ ва Дӯстӣ, инчунин шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷайҳун дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон пеш аз сафар, баргузор намуданд.
Зимни суҳбат масъулин доир ба мавзуъҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Пеш аз ҳама, ба шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамазамон, бо он шаҳрвандоне, ки аз кишвари Россия ба Ватан бозгаштанд, бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

