Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони баргашта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бозори Ҷамоати шаҳраки Шайдон ярмаркаи хурди ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 210 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва бо пешниҳоди 295 ҷойҳои кори холӣ дар 21 корхонаю ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои кори холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 15 нафар шаҳрвандони корҷӯй рӯйхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 15 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оидӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон ва коррупсия гузаронида шуд.
Инчунин қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшиши меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагияшро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирии дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

