Тибқи нақшаи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен, дар ҳамкорӣ бо КИ ХХДТ ноҳияи Спитамен, бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат маҳаллаи Спитамен корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сатторова С., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дар бораи таъмини тозагӣ ва ободии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавонон ва ҷавондухтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сатторова С., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, оид ба навгониҳои қонунгузории соҳаи муҳоҷират дар кишвари қабулкунанда, махсусан Федератсияи Россия, суханронӣ намуда, ҳамчунин масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, радикализм, экстремизм, терроризм ва савдои одамонро, ки аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб мераванд, ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ ва брошюраҳои соҳавӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

