Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, идома дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки Муассисаи давлатии Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” дорои сомонаи расмӣ ва платформаи ягонаи дастрасии хизматрасониҳои электрониро доро буда, шаҳрвандон барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои мазкур метавонанд аз он истифода баранд.
Ба иттилои шаҳрвандон расониданд, ки онҳо метавонанд тавассути платформаи мазкур навбат гирифта, дар вақти муайянкардашуда ҳозир шуда, бе навбатпоии тулонӣ хизматрасониҳои Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово”-ро дастрас намоянд.
Барои гирифтани хизматрасонищои маркази мазкур аз линки зер истифода намоед: http://90.154.106.61:28080/PreRegistration.aspx
Дар ин замина маълум менамоем, ки сабти навбатгирӣ барои дарёфти хизматрасониҳои болозикр тавассути порталҳои хизматрасони “АМИНА” ва “МИГРАНТСЕРВИС” имконпазир мебошад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданием, ки дар ҳолати пеш омаданӣ мушкилот метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷимрат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират барои гирифтани машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
