Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати Ғулакандоз маҳаллаи Нурафзо ба муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳи вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамзамон муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан баргаштаанд, доир ба эҳсоси амини ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар баромади худ оид ба терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо низ ҳастанд он гурӯҳои ифротгаро, ки хоҳони халалдор намудани вазъи имрӯзаи кишварҳоро доранд ки ҷавонон муҳоҷирони меҳнатиро бо ваъдаи ночиз ба гирдоби фиребу гумроҳӣ ҳамроҳ менамоянд.
Тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки бар асари ҳамлаҳои ин гурӯҳҳо чи қадар кӯдакону ҷавонон, махсусан аҳолии осоишта кушта шуда истодаанд. Ҷангидан ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳоро ҷавонони дорои пасти тафаккур дошта Ҷиҳод баён намуда ба он ҳамроҳ мешаванд. Аз ин хотир аз ҳамагон махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон ва дигар табақаи аҳолии ҷомеа хоҳиш ва талаб карда шуд, ки ба паёмакҳои шубҳаноки хусусияти экстремистӣ дошта ҷавоб надиҳанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо нафароне, ки пули зиёд ва кори муносибро барояшон пайдо менамоянд бовар накарда то ҳадди имкон аз онҳо дӯри ҷӯянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

